Сентябр 11, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳодиса барои қатори бории Эрон ва Покистон

Фарсудагии хати рейлӣ дар иёлати Балучистон, дар ҷануби ғарби Покистон боиси эҷоди ҳодиса барои қатори бории Эрон ва Покистон шуд.

Расонаҳои Покистон имрӯз, чаҳоршанбе гузориш доданд, қатори бории Эрон ва Покистон ҳомили маҳмулаи гӯгирд, ки аз шаҳри марзии Мирҷоваи Эрон озими шаҳри Кувайта, маркази иёлати Балучистон буд, аз рейл хориҷ ва хадамоти рейлӣ миёни ду кишвар мутаваққиф шуд. Ин ҳодиса талафоте надошт.

Фарсудагии хатти оҳан дар Покистон, ба вижа дар иёлати Балучистон, ки масири аслии тараддуди қатори борӣ миёни Эрон ва Покистон аст, ҳар аз чанд гоҳе боиси бурузи ҳаводис барои қаторҳои бории ду кишвар мешавад.

Қатори борӣ бештар маҳсулоте назири семент, маводи кимиёӣ ва петрошимиро аз Эрон ба Покистон ва бархе маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро аз Покистон ба Эрон ҳамл мекунад.

 

 

Назарҳо