Сентябр 11, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод алайҳиссалом

Эрони исломӣ дар остонаи фаро расидани шаҳодати сайидуссоҷидин “Зайнулобидин” - имом Саҷҷод (а) дар сӯгу мотам аст.

Зоирони бисёре барои таслияти мусибати шаҳодати ин имоми ҳумом дар ҳарими малакутии Разавӣ гирд омадаанд ва ҳамчунон, ки азодори шаҳодати сарвару солори шаҳидонанд, шоли азои фарзанди бузургвори ин имоми ҳумомро низ бастаанд ва дар ин мотам бар сару сина мезананд.

Алӣ ибни Ҳусайн (а) дар 5 шаъбони 38 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина ба дунё омад, мулаққаб ва машҳур ба “Саҷҷод” ва “Зайнулобидин”, аз наводагони паёмбар (с) аст. Ӯ дар ҷавонӣ падараш имом Ҳусайн (а) - ро дар саҳрои Карбало ҳамроҳӣ мекард, аммо ба далели беморӣ дар набарди Карбало ширкат накард.

Баъд аз воқеаи Карбало имом Зайнулобидин ба ҳамроҳи асирон ба назди Язид дар Шом бурда шуд ва дар масҷиди ин шаҳр дар посух ба шахсе, ки аз тарафи халифа қасди бадном кардани аҳли байтро дошт, хутбае эрод кард.

Эшон сипас аз Шом ба Мадина омад ва ҳудуди 35 сол раҳбарии мусалмононро бар ӯҳда дошт.

Муноҷоти “Хумси ушр”, дуои “Абуҳамзаи Самоли”, рисолаи “Ҳуқуқ” ва саҳифаи “Саҷҷодия” аз асори ин имоми ҳумом аст.

Имом Саҷҷод (а) саранҷом дар соли 12 ё 25-и муҳаррами 95 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина ба дасти Валид ибни Абдулмалик ба шаҳодат расид ва дар қабристони Бақеъ, дар канори амӯяш имом Ҳасани Муҷтабо (а) ба хок супурда шуд.

Фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод алайҳиссаломро ба мусулмонон таслият мегӯем.

 

Назарҳо