Сентябр 11, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 15 ҳазор зоири покистонӣ ба Эрон

Беш аз 15 ҳазор зоири покистонии марқади мутаҳҳари имом Ҳусайн (а) аз 23 август то кунун аз тариқи поёнаи марзии Мирҷова вориди хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд ва аз масирҳои таъйиншуда ба Ироқ сафар карданд.

Айюби Курд, сарпарасти идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷоддаии Сиистон ва Балучистон гуфт, бар асоси охирин омор 7 ҳазору 640 зоири покистонӣ аз 23 август бо автобус вориди Мирҷова шудаанд.

Айюби Курд афзуд, 7 ҳазору 823 зоири покистонӣ низ пиёда вориди Эрон шудаанд.

Пеш аз ин низ ду корвони саломат бо ҳадафи ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ба зоирони покистонии Арбаини ҳусайнӣ дар устони Сиистон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон роҳандозӣ шуд.

Дар айёми Арбаини соли гузашта (2018) 45 ҳазор зоири покистонӣ аз марзҳои Сиистон ва Балучистон вориди Эрон шуданд.

Устони Сиистон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон) танҳо роҳи иртиботии Покистон ба ҳавзаи Осиёи Миёна, Аврупо ва низ кишвари Ироқ аст. Марзи ин устон пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон ба рӯйи зоирони покистонӣ барои расидан ба Карбалои муъалло боз шудааст.

20 сафари 1441-и ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) Арбаин (40 рӯз пас аз шаҳодат) - и ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

 

 

Барчасп

Назарҳо