• Кӯмаки созмонҳои мазҳабӣ ва давлатии Қирғизистон ба мусалмонони Миёнмор

Созмонҳои давлатӣ ва мазҳабии Қирғизистон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор шӯрои ҳамоҳангӣ эҷод кардаанд.

Ба гузориши “СА-нюз”, Бокит Нуриддинов, раиси Конгресси мусалмонони Қирғизистон дар ин конфронси матбуотӣ гуфт, ҷомеаҳоии мусалмонӣ дар мавриди рӯйдодҳое, ки дар Миёнмор иттифоқ меуфтад, нигарон аст.

Нуриддинов афзуд, ба манзури саҳмгузор шудан дар кӯмак ба мусалмонони миёнморӣ созмонҳои мазҳабии Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис карданд, ки ин шӯро аз ҳудуди 10 созмони давлативу ниҳоди мазҳабӣ ташкил шудааст.

 

Сентябр 12, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
Назарҳо