• Беҳбуди зиндагии шаҳрвандон, ҳадафи давлати Тошканд дар соли 2018

Раисҷумҳури Узбакистон гуфт, вазифаи аслии давлат дар соли 2018 беҳбуди кайфияти зиндагии мардум ва мустаҳкамтар шудани фазои сулҳу субот дар кишвар аст.

Ба нақл аз Форс, Шавкат Мирзиёев дар паёми табрики соли нав ба мардуми ин кишвар гуфт: Дар асари фаъолияти мардум дар соли 2017 бо вуҷуди бархе мушкилоту сахтиҳо барои кишвар дар арсаҳои байналмилалӣ муваффақиятҳое доштем .

Мирзиёев соли 2017-ро дар фаъолияти сиёсати хориҷии Узбакистон ба хусус дар равобит бо кишварҳои ҳамсоя соле бисёр пурбору самарбахш донист .

Вай бо баёни инки соли 2018 дар Узбакистон соли “Ҳимоят аз корофаринии фаъол ва фанновари‌ҳо” номгузорӣ шудааст, таъкид кард, қатъан соли ҷадид дар тавсеаи Узбакистон нуқтаи атфе хоҳад буд .

Раисҷумҳури Узбакистон гуфт: Соли нав афзоиши беш аз пеши кайфияти зиндагии мардум ва даромадҳои воқеии тамоми ақшори кишвар аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст .

Шавкат Мирзиёев дар поён оғози соли ҷадидро ба мардуми Узбакистон табрик гуфту барои онон саломатӣ, сулҳ ва рифоҳ орзӯ кард .

 

Январ 01, 2018 18:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо