• Мақоми қазоқистонӣ: Таҳдидоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ афзоиш хоҳад ёфт

Раиси Шӯрои коршиносии равобити байналмилали Қазоқистон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба тағйири шароити сиёсӣ ва низомӣ дар Сурия ва Ироқ, эҳтимолан таҳдидоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли 2018 афзоиш меёбад.  

Эрлан Карин афзуд: Ба далели шикасти террористҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурия эҳтимоли меравад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, сол ҷорӣ бо хатари бозгашти террористҳо ба ин минтақа рӯ ба рӯ шаванд.

Вай хотирнишон кард, наздики панҷ ҳазор нафар аз шаҳрвандон кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар канори ДИИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ мушорикат доштанд, дар ҳоли бозгашт ба кишварҳои худ ҳастанд.

Ончи бозгашти ин террористҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро бо аҳаммият ва дар ин ҳол нигаронкунанда месозад, заминаи шаклгирии ифротгароӣ дар ин минтақа аст.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ чандест, ки сиёсатҳои исломситезонаеро дар пеш гирифтаанд, то бо ин иқдомот монеи зуҳури ифротгароӣ дар кишварҳои худ шаванд.

Аммо натанҳо ин иқдомот натавонистааст ба монее барои зуҳури ифротгароӣ табдил шавад, балки бо шаклдиҳӣ ба фазои хусумат ва исломситезӣ, гурӯҳҳо ва ҷамъияти мусулмон ин кишварҳоро хашмгин кардааст.

Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки бахше аз шаҳрвандони ин кишварҳо барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Ироқ ва Сурия рафтаанд, ин сиёсатҳо нокоромдии худро дар маҳори ангезаҳои ифротгароёна нишон додаанд.

Дар канори сиёсатҳои давлатӣ, ки таҳриккунандаи ифротгароӣ аст, мушкилоте монанди фақр, нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва фасоди густарда аз дигар авомили дохилӣ ҳастанд, ки ба омили ҷаззобияти гурӯҳҳои террористӣ табдил мешаванд.

Фаротар аз инҳо ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амирико дар ҳамла ба Афғонистон ин заминаро ба гурӯҳҳои террористӣ бахшидааст, то бо баҳрагирӣ аз он, иқдомоти худро таҳти унвони мубориза бо Амирико машруъ ҷилва диҳанд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд бидонанд, ки мубориза бо терроризм дар ин минтақа пеш аз ҳарчиз ниёзманди посухгуӣ ба далоили ин падида аст.  

Мубориза бо фақр ва бекорӣ, беҳбуди иқтисодӣ, дар канори ислоҳ сиёсатҳои хасмона нисбат ба шаҳрвондони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи давлатҳои ин минтақа аз ҷумлаи авомилест, ки роҳро барои наздик шудани шаҳрвандон ва ҳукуматҳо дар ин минтақа мегушояд.

Дар қадами баъдӣ ин давлатҳо боисте аз дахолати кишварҳои бегона ҷилавгирӣ кунанд, то ҳузури кишварҳои фаромитақаӣ ба ҳадафе барои фаъолитҳои террористӣ табдил нашавад.

 

Январ 10, 2018 18:38 Asia/Dushanbe
Назарҳо