• Панҷумин  Нишасти Комиссияи байнидавлатии Узбакистон ва Тоҷикистон

Панҷумин Нишасти муштараки Комиссияи байнидавлатии Узбакистон ва Тоҷикистон рӯз чаҳоршанбе 10 январ, дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Дар нишасти Душанбе, раёсати ҳайъати тоҷикро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва раёсати ҳайъати узбакиро Абдуллоҳ Орифов, сарвазири Узбакистон ба уҳда доштанд.

Панҷумин Панҷумин муштараки байнидавлатии Узбакистон ва Тоҷикистон илова бар ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ҷанбаҳои муҳим ва дурнмои ҳамкориҳо ва таомулоти дуҷониба аз ҷумла дар ҳавзаи тиҷорат, иқтисод, энержӣ, арзаи мутақобили маҳсулот ва соири мавзуоти минтақаиро баррасӣ намуданд.

Сафари ҷории ҳайъати узбакистонӣ ба сарпарастии сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон аз аҳаммияти зиёде барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин миллатҳои ду кишвари ҳамсоя бархурдор аст.

Алалхусус, ки дар даврони Ислом Каримов, ихтилофҳои ҳалнашудаи зиёде дар муносиботи ду кишвари Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт.

Бахш аъзами ихтилофҳои ду кишвар ба мушаххас нашудани марзҳои Узбакистон ва Тоҷикистон боз мегардад.

Шакке нест, ки заруратҳои ношӣ аз ноамниҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бавижа Узбакистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишваре, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, муҷиб шудааст, мақомҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба таври мудом дар чорчуби равобити дуҷониба ва ҷомеаи Ҳамсуд, дидорҳои мутақобилро дар дастури кор дошта бошанд.

Дар айни ҳол, ба рағми шароити печидаи ҷорӣ ва вуҷуди таҳдидҳои мутааддид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чунин ба назар мерасад, ки сиёсатмадорони ҳоким бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҷои ҳамгароӣ, ба вогароӣ тамоюли бештаре аз худ нишон медиҳанд.  

Дар ин замина бархе соҳибнзрон, манфиатталабии нухбагони сиёсии ҳоким бар кишварҳои Осиёи Марказиро монеи аслии ҳамгароии кишварҳои Осиёи Марказӣ қаламдод мекардаанд.   

Дар ин шароит, сафари ҷории ҳайъати узбак ба Душанбе барои ҳар ду кишвари ҳамсоя ва ҳамчунин барои маҷмуаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст.

Бавежа, ки метавонад ба ҳалли ихтилофҳои ҷории ду кишвари ҳамсоя мунтаҳӣ шавад.

Рӯи ҳам рафта, интизор меравад, сафари ҷории ҳайъати узбак ба Душанбе ба бахши дигаре аз ихтилофҳои ду кишвари Узбакистон ва Тоҷикистон поён диҳад.

 

Январ 11, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо