• Тавофуқи Қирғизистон, Узбакистон ва Чин барои сохти роҳи оҳани муштарак

Ҳайати Қирғизистон, Узбакистон ва Чин дар бораи сохти роҳи оҳани муштарак байни ин кишварҳо ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳайатҳои давлатии Қирғизистон, Узбакистон ва Чин дар нишасте дар Тошканд- пойтахти Узбакистон, тавофуқ карданд дар чорчӯби дидори баъдӣ, ки дар апрел ва августи 2018 сурат мегирад, масъалаи таъмини молии сохти роҳи оҳани муштаракро ҳал кунанд.

Бар асоси ин гузориш, барои бештари кишварҳои минтақа, ин кӯтоҳтарин масир аз Чин хоҳад буд.

Сохти ин роҳи оҳан барои Қирғизистон ва Узбакистон низ тавсеаи зерсохтҳои рейлӣ ва дастрасӣ ба банодири Халиҷи Форс ва Уқёнуси Оромро таъмин ме‎кунад.

 

Январ 14, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
Назарҳо