• Имзои ҳудуди марзи Қазоқистон ва Туркманистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон қонуни тасвиби мувофиқатномаи таъйини ҳудуди марзи ин кишвар бо Туркманистонро, имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев рӯзи шанбе дар маросими имзои мувофиқатномаи таъйини ҳудуди марзӣ бо кишвари Туркманистон гуфт, ин қонун пештар тавассути мақомот ва мароҷеи ду кишвар таъйид шуда буд.

Ба мӯҷиби ин қонун, тӯли марзи муштарак байни Туркманистон ва Қазоқистон 458.3 километр таъйин шуда ва дар тӯли хатти марзӣ, 330 аломати марзӣ насб шудааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин қонуни ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо кишвари Туркманистонро низ имзо кард.

Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Қазоқистон ва Туркманистон дар ҷараёни сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба Остона дар апрели соли 2017, аз сӯи сарони ду кишвар имзо шуда буд.

 

Январ 14, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
Назарҳо