Ин видео бахше аз изҳороти раиси ҷумҳурии Узбакистон дар бораи Қуръон- китоби осмонии мусалмонон аст.

Ин видео, ки дар Фейсбук мунташир шудааст, мавриди таваҷҷуҳи корбарони Фейсбук қарор гирифта ва аз он истиқбол кардаанд.

Шавкат Мирзиёев дар ин видео гуфтааст:" Ҳамон тавр ки  дар телевизион дидед, ман барои Қуръонхонӣ ва қироъати Қуръон мусобиқа эълом кардам барои он ки шунидани Қуръон маърифат ва маънавият аст."

Ӯ бо таъкид бар инки ҳеҷ гоҳ Қуръон барои анҷоми корҳои бад инсонҳоро даъват намекунад, гуш кардан ба онро як муваффақият дониста ва афзудааст: Қуръон ба инсонҳо нур мебахшад."

Ӯ таъкид кард:" Барои ман назму тартиб ва меҳрварзӣ нисбат ба динамон муҳим аст ва вақти он расидааст ки ҳама чизро дар ин замина назм бубахшем." 

Январ 14, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо