• Имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти додситонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Мақомоти қазоии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди ҳифозат аз ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза бо фасод ва ҳамкориҳои марзӣ ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Отабек Муродов, ҳамтои ӯзбаки худ дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.

Раҳмон ва Муродов дар чорчӯби ин дидор тавофуқномае дар хусуси кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи ҳифозат аз ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, мубориза бо фасод ва ҳамчунин ҳамкориҳои марзӣ имзо карданд.

Раисони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ҳамчунин дар бораи масоиле монанди ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва иқдомоти амниятӣ ҷиҳати таъмини назму амният дар минтақа, баҳсу табодули назар карданд.

Баъд аз имзои ин санад тарафайн дар хусуси ҷузъиёти иҷрои ин тавофуқнома ба тафоҳум расиданд.

 

Феврал 08, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо