• Лағви раводид - мавзӯи муҳими дидори Раҳмон ва Мирзиёев дар Душанбе

Мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия яке аз масоили муҳим дар дидори рӯзи 9-уми марти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Душанберо лағви раводиди сафари шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя медонад.

Ба гузориши сайти “Спутник”, Дмитрий Александров нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ва дидор бо ҳамтои тоҷикашро таърихӣ хонд.

Вай гуфт: "Бо ба қудрат расидани Мирзиёев дар Ӯзбакистон шоҳиди чархиши комили сиёсати хориҷии давлати Тошканд дар қиболи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастем, ки то соли 2017 ғайриқобили тасаввур буд. Зеро мушкилоти минагузории марзи муштараки ду кишвар, низоми раводиди сафари шаҳрвандон ва ихтилоф бар сари нерӯгоҳи обии “Роғун”, равобити Душанбе ва Тошкандро тира карда буд".

Ҳоло бо бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ ва сафари бидуни раводиди сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, нишонаҳое аз беҳбуди муносиботи ин ду ҷумҳурӣ қобил мушоҳида аст.

Аз ин рӯ, интизор меравад Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар музокироти Душанбе бар сари аломатгузории марзҳои муштарак, лағви раводиди сафари шаҳрвандони ин ду кишвар ва мушорикати Тошканд дар сохти нерӯгоҳи обии “Роғун”, ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд.

 

Март 07, 2018 14:30 Asia/Dushanbe
Назарҳо