• Бозкушоии гузаргоҳи марзии Ӯзбакистон бо ҷануби Тоҷикистон

Гузаргоҳи марзии “Гулбаҳор”, ки роҳи иртиботии вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон ба ҷануби Тоҷикистон аст, пас аз шаш соли баста будан, тайи маросиме бозкушоӣ шуд.

Ба гузориши сайти “Топ Тҷ”, Эркинҷон Турдимов, раиси вилояти Сурхондарё дар ин мароси, бозкушоии гузаргоҳи марзии “Гулбаҳор”-ро иттифоқе муҳим хонд.

 Вай аз раиси вилояти Хатлон ва мардуми ин минтақа даъват кард, ки барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба шаҳри Тармиз - маркази вилояти Сурхондарё биёянд.

Вай таъкид кард, тоҷикон дар 11 мактаби давлатӣ дар қаламрави вилояти Сурхондарё симмати мудирият доранд ва тайи солҳои ахир намояндагони онон дар симматҳои муҳими давлатӣ таъйин шудаанд.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, раиси вилояти Хатлон низ дар ин маросим аз ҷавонони вилояти Сурхондарё дархост кардааст, барои таҳсил Донишгоҳи давлатии Носири Хусрави шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлонро интихоб кунанд.

Гузаргоҳи марзии “Гулбаҳор” дар фосилаи ду километрӣ аз марзи Афғонистон воқеъ шуда ва барои воридоту содирот ва транзити маҳсулот ба вилояти Хатлони Тоҷикистон, аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст.

Дар ҳоли ҳозир сокинони минтақаҳои марзии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбакистон метавонанд бидуни раводид (виза) ба муддати панҷ шабонарӯз ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Аммо интизор меравад, дар нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон тайи рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ, барои сафари бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя сабукиҳои бештаре дода шавад.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон, ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба ин кишвар, ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан миёни ин минтақа ва Ӯзбакистон пас аз ҳафт соли таваққуф, аз сар гирифта хоҳад шуд.

Давлати Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар дар соли 2011 бидуни иттилои Тоҷикистон бахше аз роҳи оҳани вилояти Сурхондарё ба вилояти Хатлонро хароб кард ва иртиботи ин ду минтақа қатъ шуд.

Аммо давлати ҷадиди Ӯзбакистон ахиран ин роҳро бозсозӣ ва заминаи ҳаракати дубораи қаторҳо бо ҷануби Тоҷикистонро фароҳам сохт.

 

Март 08, 2018 11:10 Asia/Dushanbe
Назарҳо