• Интиқоди Узбакистон аз гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал

Давлати Узбакистон гузориши ахири Аҳмади Шаҳид, гузоришгари Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милал дар бораи нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Узбакистонро дуруғи маҳз донист.  

Узбакистон бо интишори баёнияе, зимни ради иттиҳомҳои Аҳмади Шаҳид таъкид кард:

“29 мавриди иттиҳоми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милал дар хусуси Узбакистон нодуруст ва беасос аст”.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмон милал поро аз доираи масъулияти худ фаротар гузоштааст.

Пеш аз интишори гузориши Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милал, Вазорати умури хориҷаи Амрико низ дар гузориши солонаи худ зимни ибрози нигаронӣ, Узбакистонро дар миёни 10 кишваре қарор дод, ки озодии динӣ дар онҳо риоят намешавад.

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон низ Узбакистонро бо кишварҳое назири Эритрея, Озарбойҷон, Миср ва Арабистони Саудӣ муқоиса кардааст.

Ин кишварҳо ҳеҷгуна одоб ва тартибе барои риояти ҳуқуқи башар надоранд.  

Айни ҳол, бояд гуфт, раисҷумҳури Узбакистон дар тобистони гузашта, бо судури фармоне, асомии 16 ҳазор тан аз атбои ин кишварро, ки дар феҳристи сиёҳи амниятӣ қарор доштанд, аз ин феҳрист хориҷ кард.

Дар вокуниш ба гузориши моҳи гузаштаи Вазорати умури хориҷаи Амрико, идораи мусулмонони Узбакистон бо муғризона хондани ин гузориш дар бораи нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар эълом кард:

“Ин санад бо шароити воқеӣ мутобиқат надорад”.

Идораи мусулмонони Узбакистон таъкид кардааст, ҷои таассуф аст, ки коршиносони амрикоӣ бо истинод ба манобеи номушаххас гузориши беасос ва дур аз воқеият дар бораи вазъияти динии Узбакистон таҳия мекунанд”.  

Бояд гуфт, гузоришҳои интиқодии бархе давлатҳо ва Созмони милал алайҳи давлати ҳоким бар Тошканд ба рағми онки ба сурати мустақим таҳаррукоти давлати Узбакистонро контрол намекунад, аммо интизор меравад, бар рафтори мақомҳои баландпояи давлати Тошканд таъсироти мусбате бар ҷой бигузорад.

 

Март 08, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо