• Равобити Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳбурдӣ аст

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон равобити Остона ва Душанберо роҳбурдӣ хондааст.

Ба гузориши сайти “СА-нюз”, Нурлан Сейтимов ин матлабро дар мизигирде ба муносибати биступанҷумин солгарди барқарории равобити сиёсӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Вай дар ин мизигирд китоби ҷадиди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистонро бо унвони “Даврони истиқлол” рӯнамоӣ кард, ки дар он равобити ин кишвар бо Тоҷикистон “роҳбурдӣ” унвон шудааст.

Худойбердӣ Холиқназар, мудири Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст аз нақши Нурсултон Назарбоев дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва мизбонии чанд давр аз музокироти сиёсии тарафҳои даргири тоҷик дар соли 1995 қадрдонӣ ва ташаккур кард.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, профессор ва иқтисоддони саршиноси тоҷик низ бо муваффақ хондани барномаи рушди иқтисодии Қазоқистон дар даврони истиқлоли ин кишвар гуфт, Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бахши асосии гандум ва сӯхти мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни ду кишвар дар соли 2015 ба тасвиб расид.

Давлати Тоҷикистон созишномаҳои мушобеҳеро бо Русия ва Чин дар солҳои 2003 ва 2013 имзо кардааст.

 

Март 08, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
Назарҳо