• Бакоргирии 50 ҳазор муҳоҷири тоҷик ва узбак дар Санкт-Петербург

Масъули кумитаи кор ва умури иҷтимоии шаҳрдории Санкт-Петербурги Русия гуфтааст, то охири соли 2018 бар асоси дархост ва ниёзи корфармоён, 50 ҳазор нафар коргари муҳоҷири тоҷик ва узбак истихдом хоҳанд шуд.

Ба гузориши сомонаи baltinfo.ru, ба гуфтаи Димитрий Чернеко, ин афрод дар дохили Тоҷикистон ва Узбакистон аз сӯи марказҳои омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ ва гузиниши коргарон интихоб шудаанд ва дар ширкатҳои шаҳри Санкт-Петербург фаъолият хоҳанд кард.

Бештари ин афрод коргарони бахши сохтусоз ҳастанд, ки бар асоси барномаи омодасозии кадрҳои мавриди ниёзи ширкатҳои русӣ, дар дохили кишвари худ давраҳои омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаиро тай кардаанд..

Бар асоси тавофуқи Русия бо Тоҷикистон ва Узбакистон, дар ҳоли ҳозир раванди эъзоми неруи кори мавриди ниёзи Маскав аз ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ба таври созмонёфта анҷом хоҳад шуд.

Зеро дар марказҳои омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ, ки дар дохили ин ду кишвар бо кумаки молӣ ва фаннии Русия эҷод шудаанд, ҷавонони дорои шароити кор интихоб ва пас аз гузарондани давраи омӯзишӣ ба Русия эъзом мешаванд, то ниёзи ширкатҳои русиро таъмин кунанд.

Ҳадаф аз ин барнома, мудирият ва назорат бар эъзоми коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон ба Русия бар асоси ниёзи ширкатҳои русӣ унвон шудааст.

Тарафи русӣ мутааҳҳид шудааст, хобгоҳи ин афродро таъмин ва ҳазинаи мадорики мавриди ниёз, аз ҷумла муҷаввизи кор, бимаи дармонӣ ва дигар мавридҳоро низ пардохт кунад.

Дар соли 2017 аз фурӯши муҷаввизи кор барои коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ, беш аз шаш миллиарду 600 миллион рубл ба будҷаи шаҳрдории Санкт-Петербург ворид шудааст.

 

Май 27, 2018 09:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо