• Бо имзои баёнияи ниҳоӣ эълом шуд: Таъкиди аъзои Шанҳай бар риояти тавофуқоти байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм

Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай дар поёни нишасти худ дар Чиндао, бо имзои баёния бар лузуми эҳтиром ва риояти тавофуқоти байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм таъкид карданд.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, руасои ҷумҳури Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон дар поёни ҳаҷдаҳумин Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай дар Чиндао баёнияи муштаракеро ба имзо расонданд.

Руасои ҷумҳури кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай 17 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин созмон дар заминаҳои мубориза бо терроризм, маводи мухаддир, беморӣ ва олудагии муҳити зистро имзо карданд.

Дар бахши дигари баёнияи Чиндао, мавзуи муборизаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай бо терроризм дарҷ шудааст.

 

Июн 10, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
Назарҳо