• Ифторӣ, оташи даргирии марзии Қирғизистон ва Тоҷикситонро хомуш кард

Дар вокуниш ба даргирии ахири марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон сокинони рустоҳои марзӣ ифтории муштарак доданд.

Ба накл аз хабаргузории Форс, сокинони рустои Мақсад, ки дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон зиндагӣ мекунанд дар вокуниш ба даргирии ахир байни марзбонони ду кишвар ифтории муштарак бо шаҳрвандони тоҷик баргузор карданд.

Ин маросим ба мизбонии мақомоти давлатии вилоятҳои Боткани Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон бо ҳадафи наздикии мардум ва оддисозии вазъият дар марзҳо барпо шуд.

Беш аз 100 шаҳрванди тоҷики сокини минтақаҳои марзӣ барои сарфи ифторӣ ба рустои Мақсад омада буданд.

Ҳамчунин барномаҳои дигаре монанди истироҳати муштараки шаҳвандони тоҷик ва қирғиз дар соҳилҳои дарёчаи Исик кул барои идомаи тақвияти равобит дар назар гирифта шудааст.

Даргирии марзбонон дар таърихи чаҳоруми июни соли 2018 дар минтақаи марзии таъиннашуда сабаб шуд, низомиёни Қирғизистон мақомоти марзии Тоҷикистонро боздошт кунанд, ки ин масъала бо музокироти мақомоти баландпояи ду кишвар ҳал шуд.

 

Июн 13, 2018 13:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо