• Раиси Бонки кишварҳои Ҳамсуд: Узбакистон метавонад ба маркази молии ҷомеаи Ҳамсуд табдил шавад

Раиси Бонки кишварҳои Ҳамсуд гуфт: Узбакҳо аз лиҳози ҳаҷму гардиши сармоя метавонанд як маркази молӣ дар байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бошанд.

Игор Соваров, раиси Бонки кишварҳои Ҳамсуд дар дидор бо Ҷамшед Қучқоров, муовини нахуствазир ва вазири дороии Узбакистон гуфт: Мо хостори тақвияти гуфтугӯҳо бо Узбакистон ҳастем.

Вай идома дод: Маскав хостори эҷоди марокизи молӣ аст ва идеаи эҷоди маркази байналмилалии молӣ дар чорчуби ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ  бисёр муҳим аст.

Дар ин дидор ҳамчунин чашмандози ҳамкориҳои эҳтимолии байни Бонки марказии Узбакистон, бонкҳои тиҷорӣ ва бонки байнидавлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бонки кишварҳои Ҳамсуд 1993 бо ҳузури 10 кишвари ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд эҷод шудааст.

Ҳадафи аслии он ирои кумаки иқтисодӣ ва тавсеаи иқтисодҳои миллӣ аст.

 

Июл 10, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо