• Қочоқи тарбуз аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон аз вуруди як маҳмула бори қочоқи тарбуз аз Тоҷикистон ба ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, ду шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштанд 4500 кило тарбузро ба дохили хоки Қирғизистон интиқол диҳанд, ки дар рустое аз тавобеи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд мутаваққиф шуданд.

Дар бозрасиҳо мушаххас шуд, ин қочоқчиён, ки номашон эълом нашуда, барои интиқоли бори тиҷории худ иҷозатнома надошта ва аз тариқи қочоқ иқдом ба интиқоли ин бор карда буданд.

Дар ҳоле ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои анҷоми мароҳили қонунӣ таҳвили мақомоти қазоӣ додаанд, ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин моҷаро вокунише нишон надодаанд.

Пеш аз ин гузоришҳои зиёде аз табдили бахшҳое аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷавлонгоҳи қочоқчиёни ду кишвар, мунташир шуда буд.

Анвои сӯхт, маводи ғизоӣ, меваву масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумлаи маводе аст, ки ба сурати қочоқ аз марзи муштараки ду кишвари ҳамсоя радду бадал мешавад.

Июл 11, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо