Эъломи омодагии Қазоқистон барои муқобила бо паёмадҳои иқдомоти таҳримии Амрико алайҳи Русия
Сентябр 02, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Қазоқистон аз омодагии ин кишвар барои муқобила бо паёмадҳои ношӣ аз таҳримҳои иқтисодии Амрико алайҳи Русия хабар дод.
Кайрат Абдурраҳмонов дар мавриди паёмадҳои эҳтимолии таҳримҳои иқтисодии Амрико зидди Русия гуфт: Акнун авоқиби рӯёрӯии ин ду кишвар на танҳо барои Қазоқистон балки барои дигар кишварҳо низ мавзуи муҳиме аст.
Дар соли ҷорӣ, Амрико борҳо маҳдудитҳои иқтисодии мухталиферо алайҳи Русия эъмол кард.