• Тасмимгирӣ дар бораи пайвастани Узбакистон ба Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон

Дар нишасти имрӯз (душанбе)-и сарони Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар Қирғизистон дар бораи пайвастани Узбакистон ба ин шӯро, тасмимгирӣ мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Узбакистон дар сафари се моҳ пеши Эрдуғон ба Тошканд, тасмим ба ҳузур дар ин шӯро гирифт ва қарор аст, дар бораи узвияти ин кишвар дар нишасти имрӯз (душанбе) тасмимгирӣ шавад.

Идеяи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон шомили кишварҳои Туркия, Туркманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон 25 сол пеш оғоз шуд, вале Узбакистон ба иллати ихтилоф бо Туркия аз пайвастан ба ин шӯро худдорӣ мекард.

Иҷлоси сарони кишварҳои туркзабон имрӯз (душанбе) дар Чулпон- Отаи Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар шашумин иҷлоси сарони аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, раисони ҷумҳурии Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкат мекунанд.

Дар ин нишаст, раисони ҷумҳурии Туркманистон ва Узбакистон ва нахуствазири Венгрия ба унвони меҳмони ифтихорӣ ҳузур хоҳанд ёфт.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкори кишварҳои туркзабон низ рӯзи якшанбе дар шаҳри Бишкек (пойтахти Қирғизистон), гирдиҳам омада ва бо ҳам дидор карданд.

 

Сентябр 03, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
Назарҳо