• Эъломи омодагии Қирғизистон барои иҷрои тарҳи гардишгарии

Раисҷумҳури Қирғизистон аз омодагии кишвараш барои иҷрои тарҳи гардишгарии "Роҳи абрешими мудерн" бо мушорикати Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Сооронбой Жээнбеков рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон (CCTS) дар шаҳри Чолпонотои Қирғизистон гуфт, Бишкек талоши худро барои иҷрои муваффақи тарҳи гардишгарии "Роҳи абрешими мудерн» ба кор хоҳад баст. Ӯ ҳамчунин пайвастани тадриҷии Узбакистон ва Маҷористонро ба ин тарҳ муфид донист.

Раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард, кишвараш фаъолона аз тавсеаи пӯёи гардишгарӣ байни аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ҳимоят мекунад. Жээнбеков густариши ҳамкории аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар сармоягузорӣ ва афзоиши иртиботи байни бахшҳои хусусии аъзоро хостор шуд.

Шашумин нишасти сарони Шӯрои кишварҳои туркзабон рӯзи душанбе бо ҳузури раисҷумҳурҳои Қирғизистон, Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон ва нахуствазири Маҷористон дар Бишкек баргузор шуд.

 

Сентябр 04, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
Назарҳо