• Таваққуфи содироти пахтаи хом аз Ӯзбакистон то соли 2025

Раиси бахши пешбинии стратегияи иттиҳодияи “Узбектекстилпром” гуфт, Ӯзбакистон барномарезӣ кардааст, ки то соли 2025 - и мелодӣ содироти ашёи хоми пахтаро қатъ ва коркарду фароварии онро дар дохил анҷом диҳад.

Дилбар Муҳаммадова, раиси бахши пешбинии стратегияи иттиҳодияи “Ӯзбектекстилпром” дар нишасти хабарӣ гуфт, Ӯзбакистон барномарезӣ карда то соли 2025 – и мелодӣ содироти пахтаи хомро қатъ ва фароварии онро дар дохил анҷом медиҳад.

Вай афзуд, дар соли 2018 – и мелодӣ корхонаҷоти ин ҳавза бо зарфияти 720 ҳазор тон метавонанд ҳудуди 520 ҳазор тон нахи пахтаро коркард кунанд.

“Ӯзбектекстилпром” дар солҳои 2018 ва 2021 – и мелодӣ дар ин ришта барномаи модернизасозӣ ба арзиши муодили 2 миллиарду 500 миллион доллар иҷро мешавад.

Ҳамчунин барномарезишудаи фаровардаҳои нассоҷӣ то 2.6 баробар ва ҳаҷми содирот то соли 2025 – и мелодӣ 4.7 баробар, яъне то 7 миллиарду 100 миллион доллар афзоиш ёбад.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар чорчӯби сафари худ ба вилояти Ҷиззах, дар мавриди коҳиши содироти пахтаи хом ва афзоиши коркарди он дар дохил дастуроте содир кард.

Ӯзбакистон солона 3 миллиону 500 ҳазор тон пахтаи хом ва як миллиону 200 ҳазор тон пахтаи коркардшуда тавлид мекунад. Ҳудуди 50 дарсади пахтаи тавлидшуда ба хориҷ аз кишвар содир мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, содироти пахтаи хом аз Ӯзбакистон дар соли 2017 – и мелодӣ 25.2 дарсад то 477 ҳазор тон коҳиш ёфт.

Дар ин миён содироти пахта то 3.4 дарсад ва тавлидоти муртабит бо он то 952 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.

 

Сентябр 05, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо