• Мамнуияти фурӯши аслиҳа дар Қазоқистон

Муовини раиси Анҷумани аслиҳаи Қазоқистон гуфт, дар чорчӯби иқдомоти давлат барои муқобила бо ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ, фаъолияти бархе марокизи фурӯши аслиҳа дар ин кишвар мутаваққиф шудааст.

Ба гузориши хабаргузории АКИ Пресс, Sergio Katenovo афзуд, пеш аз тасвиби қонӯни мамнуияти фурӯши аслиҳа дар Қазоқистон, теъдоди 103 маркази фурӯши аслиҳа дар ин кишвар фаъолият дошт.

Вай идома дод, токунӯн 35 дарсад аз ин марокиз таътил шудааст.

Қонӯни манъи фурӯши аслиҳа дар Қазоқистони баъд аз ҳамлаи террористии шаҳри Оқтеппа дар июни соли 2016 ба ду мағозаи аслиҳафурӯшӣ, барои муқобила бо иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ иҷроӣ шуд.

 

Барчасп

Сентябр 24, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо