• Барканории муовини нахуствазири Ӯзбакистон ба далели “камкорӣ”

Дар ҳоле, ки раисҷумҳури Ӯзбакистон бо судури ҳукме муовини нахуствазири ин кишварро ба сабаби “камкорӣ” аз кор барканор кард, расонаҳо далели барканории вайро чизи дигаре медонанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Шавкат Мирзиёев дар ҳукме Зойир Мирзоевро ба далели он чи “камкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва манобеи об” хонда шудааст, аз кор барканор кард.

Ҳамчунин Мирзиёев ба додситони кулли Ӯзбакистон дастур дод то мавориди нақзи қонун дар заминаи кишоварзиро баррасӣ кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи расонаҳо Зойир Мирзоев ба далели бадрафторӣ бо кишоварзон ва танбеҳи аҷиби онҳо аз кор барканор шудааст.

Мирзоев кишоварзони як мазрааи пахтаро ба хотири заъф дар обёрии замин маҷбур кардааст, ки соатҳо дар як канали пур аз об бимонанд.

Аксҳое, ки ба дасти хабаргузории Фаронса расида, нишон медиҳад, ки муовини нахуствазири Ӯзбакистон ҳангоми танбеҳи кишоварзон болои сари онҳо истода буд ва онҳоро таҳқир мекард.

Муовини фармондори Тошканд, ки ин мазрааи пахта дар он ҷо воқеъ шудааст, низ аз кор барканор шудааст.

Зойир Мирзоев олитарин корманди давлатии Ӯзбакистон аст, ки то кунун ба далели бадрафторӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқ коргарон аз кор барканор шудааст.

Ӯзбакистон бузургтарин тавлидкунанда ва содиркунандаи пахта дар ҷаҳон аст.

 

Октябр 31, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
Назарҳо