• Тасвиби тавофуқномаи аломатгузории марзи байни Қирғизистону Қазоқистон

Раисҷумҳури Қазоқистон бо имзои санаде тавофуқномаи аломатгузории марзҳои муштараки Қирғизистону Қазоқистонро тасвиб кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, ҳадафи аслии ин тавофуқнома ба расмият шинохтани марзҳои муштараки Қазоқистон ва Қирғизистон дар сатҳи ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқӯи даргириҳои мухталиф аст.

Тавофуқномаи аломатгузории марзи байни Қирғизистон ва Қазоқистон дар декабри гузашта ва дар сафари Сооронбой Женбеков, раисҷумҳури Қирғизистон ба Остона тарроҳӣ шуд. Ба гуфтаи Ғайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, ин тавофуқнома доимӣ ва ғайри қобили инсироф аст.

Марзи муштараки ин ду кишвари Осиёи Марказӣ 1257 километр аст ва ҳамакнун бахшҳои васее аз он аломатгузорӣ шудааст.

 

Ноябр 06, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо