Январ 10, 2019 20:02 Asia/Dushanbe

Бонки Рушди Осиё барои густариши тиҷорати барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ 4 миллиону 500 ҳазор доллар кумаки билоиваз ихтисос хоҳад дод. Ин мизон кумаки билоиваз барои пайвасти дубораи хаттҳои барқи Туркманистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ ва афзоиши интиқоли барқи ин минтақа ба Афғонистон ҳазина хоҳад шуд.

Бонки Рушди Осиё барои бозсозии комили хаттҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон дар моҳи ноябри соли 2018, 18 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос дод, ки заминаи вуруди дубораи Душанбе ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказиро фароҳам кард.

Ин мавзӯро ҳамкорамон Халилӣ пайгарӣ кардааст, ки мешунавед:

 

 

Назарҳо