Январ 12, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар Самарқанд

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд нахустин бор бо ҳузури мақомоти Афғонистон дар Самарқанди Узбакистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар ин нишасти ду рӯза, масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ бавижа дар бахшҳои амният, энержӣ ва ҳамлу нақлро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Афзоиши ҳамкориҳои Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон дар заминаи тарҳи интиқоли гази табии Туркманистон аз масири Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд (хатти лӯлаи ТАПИ) аз меҳварҳои мавриди баҳс дар ин нишаст аст.

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар соли 2012 бо ибтикори Деҳлии Нав оғоз шуд.

Панҷумин даври ин нишаст низ соли гузашта дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуда буд.

 

Назарҳо