Март 12, 2019 17:35 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистону Узбакистон дар феҳристи 20 кишвари олудаи дунё

Созмони байналамилалии  “Air Visual” дар гузориши ахир худ олудатарин кишварҳои ҷаҳонро муаррифӣ кардааст, ки дар ин феҳрасти ҷадид Узбакистон ва Қазоқистон ҷузъи 20 кишвар аввали олудаи дунё ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Узбакистон дар рутбабандии созмони байналмилалии “Air Visual” шонздаҳумин ва Қазоқистон бистумин кишвари олудаи дунёст.

Дар ин феҳрист номе аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ наомадааст.

Бар асоси ин гузориш, Бангладеш, Покистон ва Ҳинд дар раддаи аввал то сеюми олудатарин кишварҳои ҷаҳон ва Австралия, Финляндия ва Исландия поктарин кишварҳои дунё ҳастанд.

Олудагии ҳаво ҳар сол боиси марги ҳадди ақал 7 миллион нафар мешавад ва солона 225 миллиард доллар ба иқтисоди ҷаҳон осеб мерасонад.

Дар ин мутолиа, дар маҷмӯъ, 3 ҳазор шаҳр дар саросари ҷаҳон баррасӣ шудааст, ки дар 64 дарсади онҳо мизони олудагӣ беш аз ҳадди муҷоз будааст.

 

Барчасп

Назарҳо