Март 19, 2019 21:46 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Назарбоев дар бораи иллати истеъфояш аз раёсатҷумҳурӣ

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, ки пас аз ҳудуди се даҳаи қудрат имрӯз аз мақоми худ истеъфо кард, авзои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварашро иллати истеъфои худ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Назарбоев дар тавҷеҳи истеъфои худ гуфт, дар солҳои ахир вазъияти ҳавзаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тағйире накардааст, “бинобар ин ман имрӯз тасмими муҳиме барои Қазоқистон гирифтам”. Назарбоев афзуд, мардуми ниёзманд ба кумакҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ба далели камкории вазирон таҳти пӯшиши давлати ин кишвар қарор нагирифтанд. Раисҷумҳури мустаъфии Қазоқистон тасреҳ кард, аъзои давлат иртиботи мустақим бо мардум надоранд ва аз мушкилоти онон хабардор нестанд.

Бо истеъфои Назарбоев Қосимҷомарт Тоқаев феълан раёсатҷумҳурии Қазоқистонро бар уҳда гирифтааст.

Нурсултон Назарбоев аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз декабри соли 1991 то кунун раисҷумҳурии Қазоқистон буд.

 

Барчасп

Назарҳо