Апрел 24, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Русия дар ҷустуҷӯи террористҳои узбакистонӣ дар ҳодисаи метрои Санкт-Петербург

Сохторҳои амниятии Русия барномаи ҷустуҷӯи террористҳои узбакистонӣ дар Русияро дар дастури кори вижаи худ қарор додаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Федерал Пресс, 31 нафар аз шаҳрвандони Узбакистон бо амалиёти террористии соли гузашта дар метрои Санкт-Петербург муртабит дониста шудаанд.

Тибқи ин гузориш аз чанде пеш гурӯҳҳои табаҳкоре шомили мутахассисони бахши тахриби шимиёӣ ва мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ дар Русия фаъол шудаанд, ки бо ҷиддият дар ҳоли омодагӣ барои амалиёти террористӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад террористҳои мавриди таъқиби хадамоти амнияти Русия омӯзишҳои низомиро дар урдугоҳҳои террористӣ сипарӣ карда ва акнун ба дунболи таҳаққуқи барномаи силсилаҳамалот ба идораҳои давлатии Русия ҳастанд.

Дар ҳамин иртибот рӯзи 12-уми апрел нерӯҳои амниятии Русия амалиётеро дар шаҳри Тюмени ин кишвар анҷом доданд ва дар ҷараёни он теъдоде аз вобастагон ба  ДОИШ-ро куштанд.

 

Назарҳо