Май 09, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ёздаҳумин иҷлоси камиссиони байнидавлатии Туркманистон ва Русия дар Ишқобод

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон аз баргузории ёздаҳумин даври нишасти камиссиони байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар ва Русия дар Ишқобод хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҷараёни ин иҷлос ҷанбаҳои калидии ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба вижа дар ҳавзаҳои тиҷорат ва иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн дар ин нишаст масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкорӣ миёни вазоратхона ва ниҳодҳои ду кишвар, пиёдасозии тавофуқоти бадаст омада ва раванди иҷроии амалиёти тиҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ширкаткунандагони ин иҷлос ҳамчунин прожаҳои муштарак ва мавзӯъоти марбут ба фаолияти ширкатҳои Русия дар қаламрави Туркманистон ва ҳамчунин чашмандози ҳамкории ду кишвар дар заминаи саноат, сохту соз, ҳамлу нақл, нафту газ, химиявӣ ва энержиро баррасӣ карданд.

Дар поёни ин иҷлос тарафайн теъдоде аз асноди дуҷонибаро ба имзо расонданд.

Дар таърихи 6 майи соли равон низ дар чорчуби омодагӣ барои баргузории иҷлоси мазкур нишасти коршиносони ду кишвар баргузор шуд.

Назарҳо