Май 09, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҳазинаи Ҳаҷ барои мусалмонони Узбакистон

Ҳукумати Узбакистон дар иқдоме ҷолиб, ҳазинаи Ҳаҷ барои мусалмонони ин кишварро коҳиш дод.

Ба нақл аз Кумитаи умури дини Узбакистон, зоирони узбакистонӣ имсол барои Ҳаҷҷи воҷиб 33/5 миллион сум пардохт хоҳанд кард. Ин маблағ соли гузашта 38 миллион сум буд.

Ин дар ҳолест, ки имсол бо таваҷҷуҳ ба буҳрони молӣ дар Арабистон пешбинӣ мешуд ҳазинаи Ҳаҷ ба маротиб болотар равад.

Ҳукумати Узбакистон ҳамчунин соли равон тамоми маҳдудиятҳои вазъшуда дар даврони Ислом Каримов раиси ҷумҳури қаблии ин кишвар барои сафари Ҳаҷро бекор кард.

Мусалмонони Узбакистон дар даврони ҳукумати раиси ҷумҳури пешини ин кишвар сахттарин таҷрибаҳоро пушти сар гузоштанд. Аммо бо руи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 вазъият то ҳудуди зиёде фарқ кард.

Назарҳо