Май 11, 2019 17:08 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши “Гузоришгарони бидуни марз” ба бастани сайтҳои интернетӣ дар Қазоқистон

Созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" бо интишори баёнияе, сонсури интернетӣ дар Қазоқистонро маҳкум ва хостори канор гузоштани шеваҳои саркӯбгарона дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар баёнияи ин созмони байналмилалӣ бо ишора ба ин ки аз нуҳуми май пойгоҳҳои интернетии теъдоде аз расонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Телеграм, Ютюб ва Инстограм дар Қазоқистон баста шуда, омадааст: "Гузоришгарони бидуни марз" иллати масдуд шудани интернетро бо баргузории эътирозоти сулҳомез дар Қазоқистон муртабит медонанд.

Юҳан Биир, раиси бахши аврупоӣ ва Осиёи марказии "Гузоришгарони бидуни марз" дар ин бора гуфт, ҳеҷ баҳонае барои маҳдудияти дастрасии ҷомеа ба иттилоот вуҷуд надорад ва замони даст бардоштани мақомоти қазоқ аз ин шеваи саркӯбгарона фаро расидааст.

Биир идома дод, сонсур дар интернет яке аз далоиле аст, ки Қазоқистонро ба лиҳози шохиси ҷаҳонии озодии матбуот дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 158 қарор медиҳад ва ин шохис бар имиҷи байналмилалии Қазоқистон таъсири манфӣ мегузорад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон мегӯянд, ахиран бархе сайтҳои хабаргузориҳои маҳаллӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар баста шудааст.

 

Назарҳо