Май 14, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи муштарак боздошт шуданд.

Ба нақл аз Ка-Нюз, Мирасрори Фарғонӣ рӯзноманигори тоҷиктабори муқими Узбакистон, ки боздоштшудагон аз бастагони вай ҳастанд бо расонаӣ кардани ин хабар, аз ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоии боздоштшудагон тақозои кумак кард.

Тибқи гуфтаи Фарғонӣ, хонум Раъно Болтаоваи 62 сола ҳамроҳи бародар ва хоҳараш барои ҳозир шудани ҳар чи сареътар дар маросими хоксупории модарашон дар минтақаи Сух дар ҷумҳурии Узбакистон бо гузар аз қаламрави Қирғизистон вориди ин минтақа шуданд, аммо пас аз поёни маросим тавассути мақомоти Узбакистон боздошт ва ба ҷониби Қирғизистон таҳвил дода шудаанд.

Инак ҳудуди 2 ҳафтааст, ки онон дар боздоштгоҳи шаҳри Қизил Қияи Қирғизистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Мирасрор Фарғонӣ гуфтааст, то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон барои озод кардани шаҳрвандони боздоштшудаи ин кишвар дар Қирғизистон иқдоме анҷом надодаанд.

Сух минтақае тоҷикнишин аст, ки бар асоси тақсимоти ҷуғрофиёии даврони Шуравӣ ба Узбакистон вогузор шудааст, аммо дар дохили хоки Қирғизистон қарор дорад.

 

 

Назарҳо