Сентябр 11, 2019 17:03 Asia/Dushanbe
  • Таъмини амнияти фазои маҷозии Туркманистон бо назорати ширкати “Туркман Телеком”

“Туркман Телеком” амнияти фазои маҷозии Туркманистонро таъмин мекунад.

Як ниҳоди давлатӣ дар Туркманистон таҳти назорати ширкати “Туркман Телеком” вазифаи таъмини амнияти фазои маҷозии ин кишварро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши “Форс”, тавсеаи фанновариҳои интернетӣ, фароҳам кардани бистари ҳуқуқӣ дар фазои маҷозӣ ва ҳамчунин амнияти сойберӣ дар чорчӯби ихтиёроти ширкати “Туркман Телеком” қарор дорад.

Ҳамзамон давлати Туркманистон аз омодасозии нерӯҳо барои фаъолият дар фазои маҷозӣ дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла операторҳо, амнияти иттилоот ва шабакаҳои интернетӣ хабар дод.

Ҳафтаи гузашта Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон қонуни пешниҳодии таъмини амният дар фазои маҷозиро тасвиб кард.

Ба гуфтаи вай, ин қонун бамавқеъ муаррифӣ шуд ва барои тақвияти амният дар интернет дар чорчӯби манофеи мардуми туркман истифода мешавад.

 

 

 

 

Назарҳо