Сентябр 11, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти ҷаҳонии Роботик дар Узбакистон

Мусобиқоти ҷаҳонии Роботик дар Узбакистон баргузор мешавад.

Мусобиқоти ҷаҳонии Роботик дар чорчӯби ҳафтаи “халлоқият” ба унвони “Innoweek” дар таърихи 27 то 31 октябр барои нахустин бор дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, дар ин мусобиқот кӯдакон ва бузургсолон метавонанд ширкат кунанд.

Тимҳо ба 2 радаи синнӣ аз 9 то 16 сола ва аз 17 то 23 сола тақсим шудаанд.

Тимҳо фақат аз 3 нафар ташкил хоҳанд шуд.

Сабти ном дар ин мусобиқот ба таври онлайн аз тариқи интернет анҷом мегирад.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон эълом кард, ки ба ширкаткунандагони хориҷӣ дар судури раводид кумак мекунад.

 

 

Назарҳо