• Ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо муздури саудӣ дар Ал Ҷавфи Яман

Ҳамалоти тӯпхонаӣ ва мушаки неруҳои яманӣ, алайҳи мавозеи муздурони саудӣ дар устони Ал Ҷавф дар шимоли ин кишвар, ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз онҳоро дар пай дошт.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, як манбаи низомӣ эълом кард, шуморе аз ин муздурони саудӣ дар ҳамлаи мушакӣ ва тӯпхонаии нируҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, алайҳи мавозеи онҳо дар минтақа “Al Mahashmah” дар устони Ал Ҷавф ба ҳалокат расиданд ва захмӣ шуданд.

Неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин амалиёти худро алайҳи мавозеи муздурони саудӣ дар манотиқ воқеъ дар “Al Masloub” анҷом доданд, ки дар ҷараёни он теъдоде аз муздурон, аз пой даромаданд ва маҷрӯҳ шуданд.

Як манбаи низомӣ низ аз инҳидоми ҳафт худрави муздурони мутаҷовизи саудӣ дар шимоли “Yakhtul” дар устони Таъиз хабар дод.

Пештар нируҳои Ансоруллоҳи Яман, муваффақ шуда буданд дар амалиёти худ, алайҳи низомиён Саудӣ дар манотиқи Ҷизон, Наҷрон ва Асир, воқеъ дар ҷанубу ғарби Арабистон, дастикам ҳафт низомии саудиро ба ҳалокат бирасонанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз март 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосира заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман, токунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Неруҳои яманӣ низ дар вокуниш ба ҳамалоти мутаҷовизон, мавозеъ ва пойгоҳҳои режими Оли Саудро дар Яман ва дохили хоки Арабистон ҳадаф қарор медиҳанд.

 

Январ 13, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо