• Дуздии аҷиби Иморот аз Яман

Бархе корбарони араби шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардаанд, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ на танҳо бо ҳамлаи низомӣ балки ба шеваҳои аҷиби дигаре низ дар ҳоли осеб расондан ба Яман аст.

Корбарон тасовире аз бандари Салола дар Уммон мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад, дарахтҳои мунҳасир ба фарди ҷазираи Сақтарии Яман омодаи интиқол ба кишваре дигар ҳастанд .

Туркӣ Алшаҳлуб, аз корбарони мунтақиди давлати Арабистон дар саҳифаи твиттери худ навиштааст, ки ин дарахтҳо аз ҷазираи Сақтарии Яман рабуда шуда ва ҳамроҳ бо парандагони камёб ва сангҳои қимматӣ ба Иморот мунтақил мешавад .

Вай таъкид кардааст, ки Иморот дар ҳоли дуздӣ аз фарҳанг, тамаддун, сарватҳои миллӣ, ҷазоир ва бандарҳои Яман аст .

Бархе расонаҳои арабӣ ба нақл аз бандари Салола дар Уммон эълом кардаанд, ки ин дарахтҳо аз кишварҳои дигаре оварда шуда ва ба Қатар интиқол дода мешавад .

Ин дар ҳолест, ки дарахтҳои мунҳасир ба фарди “Хуни аждаҳо” бумии ҷазираи Сақтарии Яман ҳастанду танҳо дар ин ҷазира вуҷуд доранд .

Аз соли пеш тарҳи Иморот барои тасарруфи ҷазираи мунҳасир ба фарди Сақтарии Яман фош шудаву нигарониҳо дар бораи ишғоли доимии ин ҷазира ба василаи Иморот афзоиш пайдо кардааст .

 

Феврал 06, 2018 22:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо