• Артиши Сурия ҳамлаи мушакии Исроил ба атрофи Димишқро таъйид кард

Дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил ба хоки Сурия, артиши Сурия бо судури баёнияе бо таъкид бар омодагии нерӯҳои мусаллаҳи сурӣ барои дифоъ аз кишвар эълом кард, сомонаи дифои мушакии артиши Сурия бо ин ҳамла муқобила кардааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), фармондеҳи артиши Сурия дар ин баёния эълом кард, ин ҳамлаи мушакӣ аз дохили қаламрави Лубнон сурат гирифтааст.

Дар баёнияи артиши Сурия омадааст, ин мушакҳо яке аз пойгоҳҳои низомии артиши Сурия дар ҳумаи Димишқро ҳадаф қарор дод, ки сомонаи дифои мушакии Сурия муваффақ шуд бештари ин мушакҳоро хунсо кунад.

Фармондеҳи артиши Сурия дар ин баёния афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи сурӣ тавоноии муқобила бо ҳар гуна таҷовуз ва хунсо кардани онро доранд ва ба ҷанги худ алайҳи терроризм идома хоҳанд дод ва Исроил масъули паёмадҳои хатарноки моҷароҷӯиҳо ва иқдомоти дудманишонаи худ аст.

Режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) маркази таҳқиқоти илмии Сурия дар минтақаи Ҷамароё, дар шимоли ғарби пойтахти ин кишварро бо чанд мушак ҳадаф қарор дод.

Режими Исроил борҳо дар чорчӯби ҳимоят ва пуштибонӣ аз террористҳо, мавозеи артиш ва зерсохтҳои Сурияро ҳадаф қарор додааст.

 

Барчасп

Феврал 07, 2018 15:07 Asia/Dushanbe
Назарҳо