• Валиаҳди Арабистон Қатарро таҳқир кард

Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки ба Қоҳира сафар кардааст, дар изҳороти ҷанҷолие дар бораи Қатар ин кишварро таҳқир кард.

Ба гузориши  хабаргузории “Спутник”, Муҳаммад ибни Салмон, ки ба Қоҳира сафар кардааст, шомгоҳи душанбе дар дидор бо ҷамъе аз рӯзноманигорон ихтилофоти чанд кишвари арабиро бо Қатар камаҳамият ҷилва дода гуфт, худашро машғули ин қазияи беарзиш намекунад. Валиаҳди Арабистон гуфт, касе, ки масъулияти парвандаи Қатарро бар уҳда дорад, корманди дараҷаи 12-ум дар Вазорати умури хориҷии Арабистон аст, ки илова бар ин парванда маъмуриятҳои дигаре низ ба ӯ супурда шудааст. Ибни Салмон ҳамчунин дар изҳори назари тавҳиномезе гуфт: «Ҷамъияти Қатар баробар бо ҳатто ҷамъияти як хиёбони Миср нест ва ҳар вазири Саудӣ метавонад буҳрони Қатарро ҳал кунад».

Ӯ ҳамчунин муддаӣ шуд, ки гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” ба баданаи давлати Қатар нуфуз карда ва бар аркони он тасаллут ёфтааст. Ибни Салмон “Ихвонулмуслимин”-ро душмани муштараки Арабистону Миср хонд.

Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Аморот ҳудуди 9 моҳи пеш равобити худро бо Қатар қатъ ва ин кишварро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кардаанд. Ин чаҳор кишвар шартҳои 13-гонаеро барои азсаргирии робита бо Доҳа матраҳ кардаанд, аммо Қатар ин шартҳоро рад кардааст.

 

Март 06, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
Назарҳо