• Суқути маргбори ҳавопаймои Русия дар Сурия

Вазорати дифои Русия дар хабари фаврие аз суқути як ҳавопаймои ин кишвар дар Алҳмеймими Сурия ва кушта шудани ҳама сарнишинони он хабар дод.

Вазорати дифои Русия аз суқути як ҳавопаймои ин кишвар дар Сурия бо 32 кушта хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати дифои Русия эълом кард, дар асари суқути ҳавопаймоии “Ан-26”-и Русия, ки ҳомили 26 мусофир ва шаш хадама буд, ҳамаи сарнишинони он кушта шуданд. Ин ҳавопаймои Русия дар минтақаи Алҳмеймими вилояти Лозиқия, ғарби Сурия суқут кард.

Тибқи эъломи Вазорати дифои Русия, ҳавопаймои “Ан-26” ҳангоми фуруд омадан дар наздикии пойгоҳи Алҳмеймим дучори сонеҳа шуд ва далели сонеҳа метавонад нуқси фаннӣ бошад.

Ҳавопаймо дар ҳоле бо замин бархӯрд карда, ки фақат 500 метр бо хати парвоз фосила доштааст.

 

Март 06, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
Назарҳо