• Фуод Маъсум: Ироқ нақши Эрон дар муқобила бо гурӯҳҳои террористиро фаромӯш нахоҳад кард

Раисиҷумҳури Ироқ гуфт, давлат ва миллати Ироқ нақши Эрон дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ-ро фаромӯш нахоҳанд кард.

Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ рӯзи панҷшанбе дар дидори Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду кишвар, гуфт, Ироқ ҳимояти Эрон дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ-ро фаромӯш накарда ва имрӯз низ дар давраи бозсозӣ ниёзманди густариши ҳамкориҳои дуҷониба аст.

Фуод Маъсум бо ишора ба заминаҳои бисёр барои ҳамкории иқтисодии ду кишвар гуфт, Ироқ хоҳони ифои нақши пуррангтари бахши хусусии Эрон дар бозсозии Ироқ аст.

Ҷаҳонгирӣ ҳам гуфт, барои нобудии терроризм дар минтақа бояд ҳамаи кишварҳо ба Ироқ кумак кунанд, то решаи фасоде, ки метавонист минтақаро ба ошуб бикашонад хушк шавад.

Вай бо баёни ин ки нақши Ироқ дар ҷаҳони Ислом ва минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мумтоз аст, гуфт, давлат ва миллати Ироқ бо такя бар марҷаияти динӣ, раҳбарӣ бо дирояти сиёсӣ ва қонуни асосии мутараққии худ муваффақ шуданд ба фазли илоҳӣ, аз буҳронҳо бо сарбаландӣ убур кунанд.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ҳамаи ақвом, мазоҳиб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ба думболи ваҳдат ва якпорчагии Ироқ ҳастанд ва ин омил, муҳиммтарин муҳаррик дар пешрафти Ироқ ва нобудии терроризм аст.

Ҷаҳонгирӣ бо баёни инки равобити Эрон ва Ироқ дар болотарин сатҳ қарор дорад ва метавонад ба унвони як улгӯи муваффақ дар минтақа матраҳ шавад, гуфт, Теҳрон хоҳони таомул ва ҳамкории ҳамаи кишварҳои минтақа буда ва мӯътақид аст, кишварҳои исломии минтақа метавонанд мушкилоташонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ,иқтисодӣ ва ба даъвати расмии нахуствазири Ироқ, рӯзи чаҳоршанбе вориди Бағдод- пойтахти ин кишвар шуд.

 

Март 08, 2018 17:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо