• Дархости 4 миллиард долларии Трамп аз Арабистон барои коҳиши нуфузи Эрон дар Сурия

Як рӯзномаи амрикоӣ гузориш дода, раисиҷумҳури ин кишвар барои пешбурди аҳдофи ин кишвар дар Сурия ва костан аз нуфузи Эрон, дархости 4 миллиард доллар пул аз Арабистон кардааст.

Як рӯзномаи амрикоӣ гузориш дода, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико баманзури пешбурди барномаҳои ин кишвар дар Сурия баъд аз ҳукумати Арабистони Саудӣ, дархости 4 миллиард доллар пул кардааст.

“Вашингтон пост” навишта, Трамп дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, ки дар моҳи декабри соли гузаштаи милодӣ анҷом шуд, аз ӯ 4 миллиард доллар пул дархост кард, ки ба эътиқоди ӯ метавонад, хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Сурияро суръат бахшад. Мақомҳои амрикоӣ рӯзи ҷумъа ба “Вашингтон пост” гуфтаанд, эътиқоди Трамп баъд аз итмоми ин гуфтугӯи телефонӣ ин буд, ки муомилаеро бо тарафи саудӣ анҷом додааст.

Мутобиқи ин гузориш, Кохи Сафед ин пулро барои дастёбӣ ба аҳдофаш дар Сурия ва ҷилавгирӣ аз нуфузи Эрон ва Русия дар ин кишвари ҷангзада мехоҳад. Барои Трамп, ки борҳо аз кӯтоҳии муттаҳидони Амрико дар заминаи мушорикат дар фароянди таъмини ҳазинаҳои марбут ба қарор гирифтан дар чатри амниятии Амрико гилоя карда, дарёфти ин маблағ аз Арабистони Саудӣ, дорои аҳамияти зиёде аст.

“Вашингтон пост” менависад: «кумаки 4 миллиард долларии саудиҳо, гоми бузурге дар ростои аҳдофи Амрико дар Сурия хоҳад буд. Саудиҳо мегӯянд бо ин аҳдоф, бавижа маҳдуд кардани қудрати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ва костани аз нуфузи Эрон ҳамназаранд.»

Дар ҳоле, ки фармондеҳони низомии Амрико маъмурияташон дар Сурияро маҳдуд ба шикасти ДИИШ медонанд, бархе аз мақомҳои давлати Трамп таърифҳои густурдатаре барои аҳдофи Амрико, аз ҳузури низомӣ дар ин кишвар қоиланд ва ин ҳузурро садде алайҳи Эрон медонанд. Зимни он ки ин ҳузур ба онҳо барои пешбурди аҳдофи Амрико дар сурати ҳусули созиши сиёсӣ дар Сурия, кумак мекунад.

 

Март 17, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо