• Алъаҳд Алҷадид: Валиаҳди Арабистон аз замони ҳодисаи Хазомӣ дар дарбор дида нашудааст

Ҳисоби корбарии Алъаҳд Алҷадид дар саҳифаи Твиттер навишт: Муҳаммад бен Салмон аз замони вуқуи ҳодисаи минтақаи Хазомӣ вориди дарбор нашудааст.  

Ҳисоби корбарии Алъаҳд Алҷадид афзуд: Сафари Бен Салмон ба Фузон чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса буд, аммо пас аз ҳодиса ахбори онро мунташир карданд.  

Муҳаммад бен Салмон аз 21 апрел ва пас аз ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии кохи подшоҳии Саудӣ дар минтақаи Хазомӣ дар шаҳри Риёз аз анзори умумӣ пинҳон шуда ва бо расонаҳо гуфтугӯ накардааст ва аз сарнавишти вай хабаре дар даст нест.

 

Май 27, 2018 19:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо