• Башор Асад: Эрон ба даъвати Димишқ дар Сурия ҳузур дорад

Раисҷумҳури Сурия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи хабарии Алъолам таъкид кард, Эрон фақат ба даъвати давлати Димишқ дар Сурия ҳузур дорад ва токунун дархосте барои эҷоди пойгоҳи низомӣ дар хоки ин кишвар надоштааст.  

Башор Асад дар бораи ҳузури мушовирони низомии эронӣ дар Сурия гуфт: “Эрон дар дифоъ аз мардуми Сурия ҷангида ва дар ин роҳ хун додааст ва истифода аз калимаи мушовира ба ин маънӣ аст, ки Эрон дар Сурия, пойгоҳи низомӣ-ҷангӣ надорад”.

Асад ҳамчунин гуфт: “Агар бо ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ё музокира бо эрониҳоро эҳсос кунем, ки ба вуҷуди пойгоҳҳои низомии Эрон ниёз дорем, дар ин замина тардиде ба худ роҳ нахоҳем дод”.

Вай афзуд: “Давлати Сурия аз ҳамон аввал аз эрониҳо ва русҳо хост, дар Сурия ҳузур ёбанд”.

Раисҷумҳури Сурия пешниҳоди Арабистони Саудӣ ба Димишқ барои қатъи равобит бо Теҳронро тарҳе саҳюнистӣ хонд ва гуфт: Ҳадаф аз ин тарҳ дар тангно қарор додани Эрон аст.  

Асад таъкид кард: “Равобити роҳбурдии Эрон ва Сурия, таҳти таъсири масоили ҷануб ва шимол қарор надорад, ин робита бо ҳама ҷавонибаш ба таври воқеӣ бо ҳол ва ояндаи минтақа муртабит аст”.

Асад афзуд: “Ин масоил ҳамчунин ҳамсу бо таблиғоти байналмилалии зидди Эрон дар бораи парвандаи атомӣ аст”.

Раисҷумҳури Сурия ҳамчунин гуфт: Исроил мустақиман аз террористҳо дар Сурия ҳимоят мекунад”.

Вай афзуд: Тупхона ва нерӯҳои ҳавоии Исроил, ҳамон тупхонаи террористҳо ва нерӯи ҳавоии террористҳо ва гурӯҳи террористии Ҷибҳа-Алнусра аст.  

Башор Асад гуфт, дахолати мустақими Амрико ва Исроил дар ҷануби Сурия боис шудааст, ҳеҷ роҳкоре дар ин минтақа иҷроӣ нашавад.

 

Июн 14, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо