• Нигаронии Созмони Милал аз фоҷеаи инсонӣ дар Ал-Ҳудайдаи Яман

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз оворагии беш аз 26 ҳазор нафар аз сокинони Ал-Ҳудайда дар ғарби Яман, пас аз таҳоҷуми эътилофи Саудӣ ба ин минтақа хабар дод.

Стефан Дуҷаррик бо ишора ба ин ки беш аз 26 ҳазор нафар дар натиҷаи ҳамалоти Арабистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба минтақаи Ал-Ҳудайда аз маҳаллаҳои худ фирор карда ва овора шудаанд, гуфт: “Ба хотири идомаи даргириҳо интизор меравад теъдоди оворагон афзоиш ёбад”.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе дигар аз муттаҳидонаш аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ин ҷангафрӯзӣ то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Аз сӯйи дигар, эътилофи Саудӣ барои ҷуброни нокомиҳои худ, аз ҳафтаи гузашта (13-уми июн) бо иддаои қочоқи аслиҳа ва муҳиммот ба Яман аз тариқи бандари Ал-Ҳудайда, ҳамалоти худро ба ин бандар ташдид кардааст. Ин бандар аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман ба шумор меояд.

Саудиҳо ва муттаҳидонашон дар талош ҳастанд бо ба даст овардани контроли Ал-Ҳудайда ва ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳои башардӯстона аз тариқи ин бандар ба мардуми ҷангзадаи Яман, фишорҳоро бар ҷунбиши муқовимати мардумии ин кишвар афзоиш диҳанд ва роҳе барои султа бар Яман биёбанд.

Ҳамалоти ҳамаҷониба ба бандари Ал-Ҳудайда дар ҳоле оғоз шуда ва идома дорад, ки шароити инсонӣ дар Яман буҳронӣ аст ва камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва дору зиндагии ҳазорон нафар аз шаҳрвандони яманиро таҳдид мекунад.

Бар асоси гузоришҳои байналмилалӣ, 22 миллион шаҳрванди яманӣ ба кумак ниёз доранд ва ҳашт миллион нафар низ дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳтӣ қарор гирифтаанд.

Лиза Гранд, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милал дар Яман дар ин замина мегӯяд, ҳамалот алайҳи Ал-Ҳудайда метавонад ба қимати ҷони 250 ҳазор нафар тамом шавад.

Ташдиди ҳамалот дар Ал-Ҳудайда дар ҳоле аст, ки Амрико ва Британия аз ҳомиёни муҳими Арабистон ва Иморот дар ҷанг бо Яман ҳастанд.

Берни Сандерс, сенатори Иёлати Вермонти Амрико бо баёни ин ки ҳамкории Амрико бо режими Саудӣ ба идома ва ташдиди буҳрони инсонӣ дар Яман кумак кардааст, таъкид кард, давлати Амрико бояд ба мушорикати ғайриқонунӣ ва бидуни муҷаввизи худ дар ҷанги Яман поён диҳад.

Ин дар ҳолест, ки режими Саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар даст ёбанд. Ба ҳамин далел режими Саудӣ ва муттаҳидонаш амалиёти низомии худро алайҳи танҳо роҳи дастрасии яманиҳо ба хориҷ шиддат бахшидаанд то аз тариқи гуруснагӣ додани мардум, нокомиҳои худро ҷуброн кунанд.

Дар ин миён, интизор меравад ҷомеаи байналмилалие назири Созмони Милали Муттаҳид иқдомоте фаротар аз судури баёнияҳо дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз идомаи бузургтарин фоҷеаи инсонӣ дар ҷаҳон бардоранд.

 

Барчасп

Июн 19, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо