• Дардисари раққосаҳои русӣ барои мақоми Саудӣ!

Интиқодҳои фаровон ба барномаи тафреҳӣ, ки Созмони тафреҳоти Арабистон барои иди Фитр тадорук дида буд, раиси Шӯрои идории ин созмонро аз кор барканор кард.

Чанд рӯз пас аз интиқодҳои шадиди бисёре аз шаҳрвандони Арабистони аз Шӯрои идории созмони тафреҳоти ин кишвар, подшоҳи Саудӣ дар дастуре Аҳмад Алхатиб, раиси ин Шӯроро азл кард.

Дар ин дастур ишорае ба иллати ин барканорӣ нашудааст, бо ин ҳол Шӯрои идории созмони тафреҳоти ин кишвар дар чанд рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шиддат омоҷи интиқодҳои тунд ва газанда қарор гирифта буд.

Иллати ин интиқодҳо ҳузури занони рақсандаи рус бо либосҳои номуносиб дар сирке аст, ки ба муносибати иди Фитр дар Риёз барнома иҷро карда буд.

 

Июн 20, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
Назарҳо