• Қатар хостори таълиқи узвияти Арабистон ва Иморот дар Шӯрои ҳуқуқи башар шуд

Пас аз гузашти як сол аз қатъи равобити кишварҳои арабӣ бо Қатар ва таҳримҳое, ки ин кишварҳо алайҳи Давҳа эъмол кардаанд, Қатар хоҳони таълиқи узвияти Арабистон ва Иморот дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ал Ватан”-и Қатар , Алӣ ибни Самих ал Марӣ, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар мақари Созмони милал дар Женева аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал хост бо иттихози иқдомоте дар муқобила бо кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар, гузоришҳо ва баёнияҳои Комиссарияёи олии ҳуқуқи башар дар ин заминаро баррасӣ карда ва узвияти Арабистон ва Иморотро аз Шӯрои ҳуқуқи башар таълиқ кунад.

Ба гуфтаи ин масъули қатарӣ, дархости таълиқи узвияти Арабистон ва Иморот дар Шӯрои ҳуқуқи башар бо таваҷҷуҳ ба нақзи ошкор ва барномарезӣ шудаи ҳуқуқи мардуми Қатар ба василаи Арабистон ва Иморот ва бар асоси банди 8 қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милал дар бораи ташкили Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гирифта шудааст.

Вай бо ишора ба зарурати иқдоми Давҳа дар Шӯрои амният барои шаффофсозии иқдомоти ғайри қонунии кишварҳои арабии муҳосиракунандаи Қатар, изҳор кард, бархе аз ин иқдомот дар сатҳи ҷароими ҷангӣ, иқтисодӣ ва муҷозоти куллии мардуми Қатар ба шумор меояд.

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн аз панҷуми июни 2017 ба далели ҳамсӯ набудани Давҳа бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва илова бар эъмоли таҳрим, марзҳои заминӣ - дарёӣ ва ҳавоияшонро ба рӯйи ин кишвар бастанд.

 

Июн 23, 2018 19:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо